Маросими чаҳоршанбесурӣ

Марсими чаҳоршанбесурӣ аз кай оғоз шуда ва чӣ мафҳуме доштааст? Дар фарҳанги наврӯзӣ чаҳоршанбеи охири сол, ки ба чаҳоршанбесурӣ маъруф аст, ҷойгоҳи вижае дорад, гӯйӣ ин шаби охирин пойгоҳи ҷаҳиш ва вопасин мӯҳлат барои тадоруки ҷашнҳои наврӯзӣ аст ва чумлагй инсонҳо, дар ҳар куҷо, ки ҳастанд, бояд бикушанд дар шабе, ки талеаи Наврӯз талаққӣ мешавад, сару вазъи худро нав кунанд ва бо дуди оташҳое, ки ба ҳаво меравад, ҳар чиро ки кӯҳна ва афин (уфунатдор) аст, ба дур резанд. Мӯҳтамилан бо эътино ба қидосат ва аҳамияти оташ дар фарҳангии эронӣ дар Эрони бостон ҳам ҷашни сурӣ роиҷ будааст, аммо чаҳоршанберо дар давраи исломӣ ба он афзудаанд. Зеро рӯзҳои ҳафта дар пеш аз ислом номҳои вижаи худро дошт, чун моҳ ба сӣ рӯз тақсим мешуд ва ҳар рӯзеро номе буд, ҳарчанд ҳасби собиқа дар мутуни монавӣ аз низоми шанбеӣ сухан меравад. Барпоии оташ дар ин рӯз низ навъе гарм кардани ҷаҳон ва зудудани сармо ва пажмурдагӣ аз тан будааст. Бешубҳа, дар давроне аз умри ақвоми мухталиф ҳам ҷашнҳои оташ куллан ҳолати сеҳрангизу ҷодуие дошта ва ба сурате бадавӣ анҷом мешудааст.

Дар бораи ин ки чаро чаҳоршанбеи охири сол бояд ин ҷашнро гирифт, ҳеҷ далели қатъӣ вуҷуд надорад. Ҳадсе, ки ҳаст, ин аст, ки чаҳор - муаррифи чаҳор фасл аст. Аммо кайфияти кор ҳамон туна аст, ки дар ҷашни сада марсум аст ва интизор меравад, ки сармо рахт барбандад. Сурӣ ба маънои сурх аст ва ҷодуи гарм кардани ҳаво зоҳиран набояд бо омадани фраваҳрҳо иртиботе хос дошта бошад. Дар миён гурӯҳе аз мусулмонон ва хоса шиаиён, назаре ҳам ҳаст, ки Мухтор Сақафӣ барои хунхоҳии шуҳадои Карбало дар чунин шабе хурӯҷ кард ва чун мехост, ки гаравандагони ба худро аз қиём огоҳ гардонад. Ба афрӯхтани оташ пардохт ва аз он пас дар миёни ҳаводорони имом Ҳусайн (ъ) ва хоса эрониёни мусулмон расм шуд, ки поси ин шабро нигоҳ доранд ва дар чаҳоршанбеи охири сол маросиме дошта бошад. Меҳрдоди Баҳор мегӯяд:

«Дар баъзе мутун омадааст, ки чун чаҳоршанбе дар назди аъроб наҳс ба шумор меомад, мебояд барои он маросиме баргузор мешуд. Аз ҷумла Манучеҳрй дар шеъре ба ин нукта ишора кардааст. Шояд ин тавр бошад ва натвон далели ин ки чаро ҷашнро дар охири сол мегирифтанд, тавҷеҳ кард, чун поёни сол ё хамсаи мустарақа, дарвоқеъ такрори ошӯби азалӣ аст. Аммо чаҳоршанбе буданаш, шояд ба ҳамин далел бошад, ки муаррифи чаҳор фасл аст».

Ҷашнҳои миллӣ аз қадимтарин замонҳои таърихӣ Дap миёни эрониён марсум будаанд. Шаби чаҳоршанбе- суриро дар Эрон ойинҳои хос ва ташрифоти гуногун аст, ки ҳар як аз онҳоро дар навоҳии мухталифи кишвар метавон ёфт.

Боре (ҳамоно) ОЙИНҲОИ чаҳоршанбесурӣ ё шаби чаҳоршанбеи охири сол бар ду қисм аст: як қисмат аз он умумӣ ва муштарак дар миёни тамоми мардуми Эрон аст, ки ҳатто баъзе аз онҳоро дар миёни дигар милали ориёинажод метавон ёфт ва қисмати дигар ойинҳои махсус аст, ки дар яке ду қарни ахир мардуми Теҳрон онҳоро бунён ниҳодаанд ва аз ин диёр каму беш ба шаҳрҳои дигари Эрон роҳ ёфтааст.

Он қисмат аз ойинҳои ин шаб, ки дар саросари Эрон маъмул аст аз Кирмон гирифга то Озарбойҷон ва аз Хуросон то Хузистон ва аз Гелон то Форс, яъне тамоми ин дашти васеъ, ки Эрони имрӯзро ташкил медиҳад ва зеботарин бахшҳои эрони бостонӣ аст, дар чаҳоршанбеи охири сол бо шӯр ва дилбастагӣ хоссе ошкор мешавад. Тамоми мардуми Озарбойҷон, чи дар шаҳрҳо ва чи дар рустоҳо, дар он ширкат доранд ва ҳатто ҳанӯз ҳам дар миёни мардуми Қафқоз маъмул аст. Эрониёне, ки аз диёри худ дур афтодаанд, низ онро фаромӯш намекунанд ва эрониёни муқими Туркия, Миср, Шибҳақораи Ҳинд низ дар байни худ ин русумро маъмул медоранд. Тардан ли-л-боб изофа кунем, дар майдони арки Теҳрон тӯпи куҳансоле буд, ки муддати сад сол бар фарози суфае ҷо гирифта буд ва чун пирон замингир аз ҷойи худ намеҷунбид. Шабҳои чаҳоршанбесурӣ занон ва духтароне, ки ҳоҷате доштанд, махсусан духтароне, ки дар орзуи шавҳар буданд, аз он тӯп боло мерафтанд ва даме бар фарози он менишастанд ва аз зери он мегузаштанд. Онон дар бароварда шудани орзӯи худ шак надоштанд. Бачаҳои ширхорро, ки ба истилоҳ наҳсӣ (инҷиқӣ) мекарданд, ё реса мерафтанд (бисер гиря мекарданд), аз зери тӯп ва сардари нақорахона мегузаронданд. Ин тӯпро «тӯпи марворид» меномиданд ва афсонаҳои гуногуне дар бораи он мегуфтанд.

Ва аммо он чи ки, инак, дар миёни эрониён мутадовил аст, ин аст, ки мардум либосҳои нави наврӯзиашонро мепӯшанд, махсусан бачаҳо, ки дар Наврӯз рахти нав барояшон аҳамияти зиёде дорад. Аз ҷумла чизҳое, ки ҳатман бояд дар шаби чаҳоршанбесурӣ бихаранд, яке оина аст, ки мазҳари самимият ва якрангист ва кӯза, ки ҷойи об аст, об ҳам мазҳари покист, ва исфанд барои дафъи чашмзахм. Исфанд харидан ҳам дар бархе ах манотиқи Эрон ташрифоти вижае дорад ба ин тартиб, духтаре дамибахт аз хона берун меояд ва аз аввалин магозаи рӯ ба қибла мепурсад: Исфанд дорӣ? Ва бе он ки мунтазири ҷавоб шавад, ба роҳ меуфтад ва аз мағозаи баъдӣ низ ҳамин суолро мекунад то ҳафт дукон. Ва бармегардад аз мағозадори аввалӣ исфанд мехарад. Фурӯшандаи исфанд бояд сайид бошад, вагарна шоли сабзе ба камар мебандад, ки нишонаи сайёдат аст.

Оҷили чаҳоршанбесурӣ

Дар шаби чаҳоршанбесурӣ, он гоҳ ки оташҳо фурӯ нишасту бозиҳо поён ёфт, афроди хонаводаҳо ба шодӣ даври ҳам менишинанд. Солхӯрдагони рустоӣ бо достонсароиҳои худ сармой исфандро бадруд мегӯянд ва кӯдакон шодмона аз ҳафтае, ки Наврӯзро дар пай меоварад, қаҳрамонони афсонаҳоро дар гӯшаҳои зеҳнашон менишонанд. Дар ин миён модарҳо синиҳои оҷилро меоваранд. Дар ҳама ҷои Эронзамин оҷили чаҳоршанбесурӣ вижагии худро дорад. Гелониҳо ва озарбойҷониҳо онро аз чаҳоршанбебозор мехаранд. Пок кардани оҷили чаҳоршанбесурӣ ҳам маросими хоссе дорад, ки ҳанӯз дар бештари манотик маъмулу ҷорӣ аст ва барои ин кор ҳафт духтари бокираро ба хона мехонанд, то оҷилҳоро тамиз ва мураттаб кунанд ва барои истифодаи аҳли хонаву меҳмонҳо муҳайё гардонанд. Оҷили чаҳоршанбесурӣ дар Хуросон «оҷили бенамак» номида мешавад, ки иборат аст аз анҷир, кишмиш, хурмо, тути хушк, фандуқ, писта ва бодом ва мӯътақиданд, ки хӯрдани ин ҳафт навъ оҷили бенамак дар шаби чаҳоршанбеи охири сол шугун дорад. Дар Бузургобод ва Урумия кишмиш, мавиз, гирду, бодом, санҷид, хурмо, анҷир, ширинӣ, оби набот, тухма, қоқут ва тухми мурғи рангиро дар синӣ ё суфра мегузоранд. Дар зарфе низ об, оина ва сикка карор медиҳанд ва ҳар чӣ чароғ доранд, ҳамаро равшан мекунанд. Дар Салмос хариди ҳафт ранг оҷил бар ӯҳдаи ҷавонон ва бачаҳост, ки аз пеш ба бозор мераванд ва оина ва кӯза ва ҷӯроб ва дастмолу оҷили ҳафтранг мехаранд. Бозорҳо низ дар шаби чаҳоршанбесурӣ чарогонӣ аст. Ба таври кулллӣ, оҷили чаҳоршанбесурӣ маҷмӯае аст аз донаҳо ва меваҳои хушк, монанди тухма, ки онро бо оташи чаҳоршанбесурӣ бӯ медиҳанд. Хӯрокиҳои дигар шоҳбулут, бослуқ, биринҷак, мағзи гирду, баргаи ҳулу, баргаи зардолу, ҷавзақанд, олу ва оҷилҳое мебошанд, ки ном бурда шуд. Маълум аст, ки ҳар минтақа аз Эрон, он чиро ки худ бештар дорад, омода мегардонад.

Оши чаҳорашанбесурӣ

Дар шабу рӯзи чаҳорашанбесурӣ дар бештари манотиқи кишвар ош мепазанд, ин ғизо мачмӯае аз ҳамаи донаҳо ва сабзиҳо ва маводи аввалияи инҳо ва маводи аввалияи ғизоиро бо худ дорад, бад-он умед, ки дар соли оянда баракат бар рӯзияшон бошад.

Дар Лоирҷон дар шаби чаҳорашанбесурӣ оше мепазанд, ки ҳафт навъ буншан, ҳафт ҷӯр сабзӣ ва ҳафт қисм туршӣ дар худ дорад ва бад-ин муносибат «оши хафттуршӣ» номида мешавад. Боқимондаи қурмаеро, ки барои масрафи солонашон захира кардаанд ва низ боқимондаи захира дуко (дурди равган, ки дар таҳияи хӯрокҳо ба корашон меояд)-ро ба он меафзоянд.

Дар Бандари Аббос, ки ғизои вежае барои шаби чаҳоршанбесурӣ надоранд, пас аз он ки ғизои маъмулашонро хӯрданд, ноне ба номи кандук, ки аз баргаи дарахти хурмо месозанд, мегузоранд. Ин нон бояд то субҳ дастнахӯрда бимонад, бад-он умед, ки хайру баракат аз хонаҳо наравад. Ҳалво ва кулучаи махсус низ барои ин шаб мепазанд, то дар рӯзи чаҳоршанбесурӣ ба бачаҳое, ки дар талаби ҳамон чизҳо ба хона меоянд, бидиҳанд.

Дар Исфаҳон зӯҳри чаҳоршанбесурӣ оши ришта мехӯранд. Дар Оштиёну Арок низ раем чунин аст, ки оши ришта мепазанд ва ду муҷассама аз хамир - яке ба шакли зану дигаре ба сурати мард месозанд ва онро дар даруни оши ришта меандозанд. Пас аз он ки ош пухта шуд, одамҳои хамириро дар косае мегузоранд ва дар оби равон меафкананд, то бад-ин васила қазо ва балоро аз ҷони эъзои хонавода биронанд.